ТЕХНОЛОГИЯ (Таълими меҳнат барои писарон) 8

Муаллифи китоб: С. РАҲИМОВ, А. АЗИЗОВ, С. ИСЛОМОВ, Ш. АЗИЗОВ
Муаллиф С. РАҲИМОВ, А. АЗИЗОВ, С. ИСЛОМОВ, Ш. АЗИЗОВ
Нашриёт Маориф
Забони нашриёт Русский
Соли нашр 2021
Баҳогозории китоб

Дар бораи китоб

Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Дар китоби технологияи синфи VIII шумо бо фаслҳои «Асосҳои истеҳсолот», «Касбҳои хоҷагии халқ ва таснифи онҳо», «Барқ дар рӯзгор», «Маданияти корҳои таъмирию сохтмонӣ», «Касбу ҳунарҳои миллӣ» шинос мешавед ва мустақилона лоиҳаҳои эҷодии дилхоҳатонро интихобан мувофиқи фаслҳои барнома иҷро карда метавонед.
Дар фасли «Асосҳои истеҳсолот» дониши худро оид ба истеҳсолоти муосир, мазмуни меҳнат дар онҳо, роҳҳои асосии тезонидани пешрафти илмию техникӣ бо назардошти шароити минтақавии иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ташаккул медиҳед.
Дар фасли «Касбҳои хоҷагии халқ ва таснифи онҳо» бо касбҳои хоҷагии халқ, таснифи онҳо аз рӯйи соҳаҳои хоҷагии халқ, гурӯҳи касбҳо аз рӯйи ашёи меҳнат, бо манбаъҳои муҳимми иттилоот, талаботи асосии касб, сифати шахсии инсон шинос мешавед.
Дар фасли «Барқ дар рӯзгор» бо комплекси энергетикӣ, истеҳсол, истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар рӯзгор шинос мешавед. Инчунин дар бораи мафҳуми занҷири одии барқӣ ва унсурҳои он, тарҳҳои барқӣ, аломатҳои шартӣ, сохти лампаи тафсониш, хел ва таъйиноти симҳо, сохт ва таъйиноти таҷҳизоти барқӣ дар рӯзгор ва техникаи бехатарии онҳо маълумотҳои муфассал мегиред.
Дар фасли «Маданияти корҳои таъмирию сохтмонӣ» дар бораи технологияҳои сохтмон, таъмири манзили истиқоматӣ, ранг ва намуди онҳо, асбобҳои рангмолӣ шинос шуда, метавонед интерйери устохонаи таълимиро бо талаботи дизайни замонавӣ ороиш диҳед.

EPUB
Онлайн хондан
Мухобирот
Мухобирот гузоштан ба маводи мазкур иҷозат нашудааст.