Технологияи иттилоотӣ

Муаллифи китоб: Комилиён Ф., Муллоҷонов М., Тухлиев Қ.
Муаллиф Комилиён Ф., Муллоҷонов М., Тухлиев Қ.
Нашриёт Маориф
Забони нашриёт Русский
Соли нашр 2018
Баҳогозории китоб

Дар бораи китоб

            Дар барномаи нави таълими фанни технологияи иттилоотӣ фасли алгоритмсозӣ ва барномарезӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Маҳз шиносоӣ ва истифодаи амалии мафҳумҳои ин фасл ба шогирдон шароит фароҳам меоварад, ки онҳо бо тарзи ҳалли масъалаҳо тавассути компютер тасаввуроти дақиқ ҳосил намоянд.

            Китоб дорои ду бахш аст. Бахши аввал «Воситаҳои информатикунонӣ» ном дошта, аз ду боб иборат аст. Боби якуми он ба омӯзиши алгоритм ва маҳорати алгоритмсозӣ ва боби дуввум ба шиносоӣ бо асосҳои барномарезӣ дар забони нисбатан содаи QBasic ва намунаи объектгарои он – Visual Basic бахшида шудааст. Бахши дуюми китоб «Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» ном дошта, ба омӯзиши муқаддимаи яке аз забонҳои барномарезии муосир – С++  бахшида шудааст.

EPUB
Онлайн хондан
Мухобирот
Мухобирот гузоштан ба маводи мазкур иҷозат нашудааст.