Ҳуқуқи инсон

Муаллифи китоб: Т.Н.Зиёзода, М.А.Маҳмудов, А.Г.Холиқов, З.Искандаров, Р.Ш.Сотиволдиев, Ш.М.Менглиев, Ғ.Лутфонов, Р.Ф.Салихова, Н.Муродова
Муаллиф Т.Н.Зиёзода, М.А.Маҳмудов, А.Г.Холиқов, З.Искандаров, Р.Ш.Сотиволдиев, Ш.М.Менглиев, Ғ.Лутфонов, Р.Ф.Салихова, Н.Муродова
Нашриёт ТоРус
Забони нашриёт Русский
Соли нашр 2011
Баҳогозории китоб

Дар бораи китоб

    Дар китоби дарсии ҳуқуқи инсон барои синфи 11 ба  ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони имрӯза, инъикоси фаъолияти созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, созмонҳои гуманитарӣ, инчунин ба фарҳанги ҳуқуқии инсон диққати бештар дода шудааст. Дар қатори созмонҳои байналмилӣ, пеш аз ҳама, СММ ва идораю ташкилотҳои он–Хазинаи кӯдакон, (ЮНИСЕФ), Хазинаи Рушд ва Манфиати Занон (ЮНИФЕМ), Комиссари СММ оид ба Ҳуқуқи Инсон, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо сухан меравад; Созмонҳои дигари байналмилалию минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсон низ вуҷуд доранд, ба монанди: Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ғайра.

      Китоби дарсии мазкур мутобиқи барномаи таълимии таҳияи соли 2006 таълиф гардида, ба арзишҳои миллию умумибашарии ҳуқуқӣ, гуманистӣ ва ахлоқӣ асос ёфта, ба иҷрои мақсаду вазифаҳои таълимию тарбиявии хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон таъйин гардидааст. 

EPUB
Онлайн хондан
Мухобирот
Мухобирот гузоштан ба маводи мазкур иҷозат нашудааст.