Муаллиф | C. Бандаев, Р. Қиматзода, Ғ. Бобизода, У. Зубайдов |
Нашриёт | Маориф |
Забони нашриёт | Русский |
Соли нашр | 2020 |
Баҳогозории китоб |
Дар бораи китоб
Китоби дарсӣ барои синфи 10-ум муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Нашри сеюм
Дар китоб тартиби зерини тавсифи синфҳои пайвастаҳои органикӣ истифода карда шудааст:
• таърифи синфҳои алоҳидаи пайвастаҳои органикӣ ва баъзе истилоҳотҳои дигар бо ҳарфҳои сиёҳ ҷудо карда шудаанд;
• барои чуқуртар омӯхтан ва ташаккул ёфтани фикрронии мантиқии хонандагон доир ба ҳар як мавзӯъ, дар охири ҳар як фасл саволҳо, масъалаҳо, машқҳо ва маводди иловагӣ оварда шудаанд. Дар баъзе мавридҳо тарзи ҳалли як қатор масъала ва машқҳо низ дода шудаанд;
• дар охири ҳар як мавзӯъ барои худназораткунӣ ва омӯзиши мустақилонаи хонандагон саволҳо, масъала ва машқҳо низ оварда шудаанд;
• дар охири ҳар як боб алоқамандии байни синфҳои пайвастаҳои органикӣ дар шакли нақша дода шудааст, ки хонандагон бояд муодилаи реаксияи ҳар як алоқамандиро тартиб дода, шароити гузаштани онҳоро нишон диҳанд;
• алоқамандии байни пайвастаҳои алоҳидаи органикӣ дар расмҳое, ки истифодабарии синфҳои алоҳидаро тасвир менамоянд, дарҷ гардидааст;
• барои мустаҳкам кардани дониш дар охири китоб тавсифи истилоҳоти химиявие, ки дар мавриди омӯзиши мавзӯъҳои алоҳида ба хонандагон дучор меоянд, оварда шудаанд;
• дар охири китоб ҷамъбаст ва фишурдаи маълумот оид ба синфҳои алоҳидаи пайвастаҳои органикӣ
EPUB | |
---|---|
Онлайн хондан |