Забони тоҷикӣ

Муаллифи китоб: С. Аминов
Муаллиф С. Аминов
Нашриёт Маориф
Забони нашриёт Русский
Соли нашр 2018
Баҳогозории китоб

Дар бораи китоб

     Шумо ҳар як супориши машқҳоро иҷро карда, ба саволҳо ҷавоб медиҳед ва бо такя ба супоришҳо дар мавзӯъҳои гуногун нақлу иншо ва матнҳо меофаред. Маводи назарии омӯхтаатонро мустақилона дар амал татбиқ мекунед, яъне корҳои анҷомдодаатонро ҷамъбаст карда, хулосаҳои илмию амалии хешро баён месозед. Вазифаи омӯзиши забон дар синфҳои 10 – 11  инҳоянд:
 *фаъолгардонии маълумоти забонӣ ва тақвияти самтҳои амалии омӯзиш; 
* омӯзиши забон чун нахустунсури адабиёт ва имконоти тасвиру ифоданокии он дар тамоми сатҳҳо (овоӣ - фонетикӣ, луғавӣ ва грамматикӣ);
 *амалан фаро гирифтани навъҳои нутқ (ҳикоягӣ, тасвирӣ ва муҳокимавӣ); 
* такмили саводи имлоӣ ва аломатҳои китобат; 
* фарогирии маҳоратҳои чаҳоргонаи забонӣ (шунидан, сухан гуфтан, хондан ва навиштан); 
* амиқгардонии дониш оид ба услубҳои нутқ; 
* муносибати оқилона ба калима ва дарки хушоҳангию ифоданокии забони тоҷикӣ;4

* фаро гирифтани ҳусни баёну муомила;
 * васеъ гардонидани маҳорату малакаи дарку таҳлил ва таълифи матнҳо дар мавзӯъҳои гуногун.

EPUB
Онлайн хондан
Мухобирот
Мухобирот гузоштан ба маводи мазкур иҷозат нашудааст.