Зоология

Муаллифи китоб: Маҳмадзиёев А., Исоев К.
Муаллиф Маҳмадзиёев А., Исоев К.
Нашриёт Полиграф Групп
Забони нашриёт Русский
Соли нашр 2018
Баҳогозории китоб

Дар бораи китоб

     Китобе, ки шумо дар даст доред, бо тағӣироту иловаҳо бори чорум нашрмегардад ва дар бораи гурӯҳҳои асосии олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва дунё маълумот медиҳад. Дар нашри чорум тағйиротва навигариҳои зиёди илмӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла доир ба типҳои нави олами ҳайвонот, синфҳо ва қаторҳо маълумоти нав илова гардидааст. Барои такрор ва санҷиши дониш саволҳои тестӣ тартиб дода шудаанд. Пас аз омӯхтани мавод оид ба ҳар як типи ҳайвонот, шумо хулосаи фаслро хоҳед хонд. Инчунин бо аҷоиботи олами ҳайвонот ва масъалаҳои кунҷковона шинос мешавед. Дар форзатси китоб муҳити асосии зисти ҳайвонот бо баъзе намояндаҳои муҳимтарини онҳо ва нақшаипурраи инкишофи олами ҳайвонот тасвир шудааст. Дар китоб таҷрибаҳои лабораторие, ки шумо бо роҳбарии омӯзгор дар синфхонаи биология бояд гузаронед, оварда шудаанд. Барои ба сохтори китоб хубтар шинос шудан, бамундариҷаи он диққат диҳед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки саҳифаи мавзӯи ба шумо лозимро тезтар ёбед ва ба тарзи ҷойгиршавии мавзӯъҳо шинос шавед. Ба туфайли ин китоб шумо на фақат ба олами ҳайвоноти дунё шинос мешавед, инчунин дар бораи олами ҳаӣвоноти кишварамон ва хусусиятҳои хоси онҳо маълумоти пурра паӣдо мекунед. Дар вақти хондани матни китоб агарба расм ишора шуда бошад, ҳатман онро нигоҳ карда, бо мавзӯи хондаистодаатон муқоиса кунед, чунки шумо бо ин роҳ мавзӯъро хубтар дарк мекунед ва дар хотир нигоҳ медоред.

EPUB
Онлайн хондан
Мухобирот
Мухобирот гузоштан ба маводи мазкур иҷозат нашудааст.